Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Паём – бахтномаи айём

Мулоқоти  навбатии кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буд.

Дар чорабинии мазкур ба ҳайси намоянда аз Кумитаи иҷроияии шаҳрии ҳизб раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарифов   ширкат ва баромад намуд.

Номбурда бобати нуктаҳои муҳими дар Паём зикргардида андешаҳои худро баён дошта, таъкид намуд, ки тамоми натиҷаю дастовардҳои кишвари мо маҳз бо саю талош ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Иҷроиши ҳамаи ҳадафҳои стратегӣ ин худ дастовардест, ки дар саҳифаи таърихи навини давлатдории тоҷикон абадӣ нақш хоҳад баст.

Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода дар суханронии худ бобати дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои минбаъда,ки омили ба марҳилаи нави рушди тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ,иқтисодӣ,иҷтимою фарҳангӣ расидан маҳсуб меёбад, таъкид намуда, зикр намуд,ки барои амалӣ гаштани ин супоришҳо тамоми кормандони мақомоти омор саю кӯшиш хоҳанд кард.

Сардори Раёсати таҳлилу ҷамбасти Сарраёсати омори вилоят Хосият Алибоева бобати натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор ва нақшаҳои минбаъдаи он ҷиҳати таъмини сатҳу сифати баланди таҳия,коркард ва пешниҳоди маълумоти оморӣ изҳори назар намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *