Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: ПАЁМ – РОҲНАМОИ САОДАТИ МИЛЛАТ

Идомаи шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Касб“ дар назди Омӯзишгоҳи касбии палитехникии №44 – и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд устоди ДИСДДТТ Гулчеҳра Аҳророва, муттахассиси шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Азиза Мирзоходжаева ва мудири шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳр Маҳлиё Ишанова иштирок ва баромад карда, нуктаҳои Паёмро шарҳу эзоҳ доданд.

Ҳамчунин, субҳи имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Оби тоза” дар назди сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, аъзои гурӯҳи таблиғотии кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Аҳрор Убайдуллоув мулоқот оиди шарҳу тавзеҳи Паём гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *