Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Паём – роҳнамо ба ояндаи дурахшон

Нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба расонидани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолӣ тасдиқ гардида, вохӯриҳои гурӯҳи ташвиқотию таргиботии назди кумиҷроия оғоз гардид. Аз руйи нақшаи мазкур субҳи имруз гурӯҳи кории тарғиботчиёни кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии “Шифокор” дар назди беморхонаи вилояти мулоқот доир намуданд.Мулокотро сардухтури беморхонаи вилоятӣ Фарух Мақсудзода ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод. Сипас, аъзои фаъоли гурӯҳи таблиғотӣ, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов ба иштирокчиён муҳтавои ососии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзех дод.Дар фарҷоми мулокот дар вазъияти тантанавӣ ба 13 нафар аъзоёни нав кабулгардида шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамзамон чунин мулокот дар ташкилоти ибтидоии “Сулҳ” дар назди Маркази солимгардонии ИЧБВ бо иштироки аъзои фаъоли гуруҳи ташвиқоту тарғиботи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, дотсент Зеварой Бобоева баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *