Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Самти рушди маориф дар Паёми Мешвои миллат

Дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи самтҳо исботи он аст, ки Сарвари оқилу дурандеш тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ бо чеҳраи тоза муаррифӣ намуданд. Аз Паём то Паёми Пешвои миллат тарҳрезиҳое, ки дар сохтмони ҷомеаи навин аз тарафи он кас кашида мешаванд, иҷро гардида, дар самти истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, табдили кишвар ба минтақаи транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба озуқаи хушсифат аз ҳадафҳои пайгиронаи он кас буда, дар ин росто амалӣ шуда истодани ин ҳадафу стратегияҳо моро ҳушдор месозад, ки боз ҳам боғайратона меҳнату фаъолият намуда, барои ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сухан намуда, бузургтарин дастоварди миллати тоҷикро дар сулҳхоҳиву ҳамбастагӣ, ҷонибдори давлати ягонаи демократӣ будан, иброз доштанд. Қабули Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ чун баёнгари давлати демократӣ будани Тоҷикистон дар суханронии Президенти кишвар мунъакис гардид. Президенти кишвар ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегиро аз меҳнати босуботонаи мардуми заҳматписанди тоҷик ва сиёсати оқилонаи Ҳукумати кишвар иброз дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саноатикунонии босуръатро эълон  намуданд.

Дар ҳамаи Паёмҳои хеш Пешвои миллат  ба ҷавонон ва нақши онҳо дар ташаккули давлати демократӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани ду забон – русӣ ва англисиро тақозо менамоянд. Тоҷикистон чун давлати ташаккулёфтаистода ба мутахассисони соҳибкасби ҷавон ва забондон ниёз дорад, зеро дар сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ҳамин нуктаҳо борҳо зикр ёфта, омӯзиши ҳадафмандона ва аз нав намудани барномаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ меҳвари асосии суханронии Президенти кишварро дар ин самт бозгӯ менамояд. Албатта, мо – соҳибзабононро муваззаф месозанд, ки пеш аз ҳама фарҳангу маданият, таъриху адабиёт ва забони давлатии худро ба таври шоиста аз бар намоем, то дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ  ба меъёрҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ бирасонем.

Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат самти калидии тараққиёти ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлолро ташкил менамояд. Дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар ба маориф боз ҳам таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, тақозо доштанд, ки дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос, ки ҷавобгӯ ба талаботи давру замонанд ва таҷдиди назар сохтани барномаҳои таълимӣ дар пешрафти соҳаи маориф хеле муҳиманд. Дар ин росто, баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф, нафақахӯрон, идрорпулии донишҷӯён заминаи пешрафти соҳаи мазкур арзёбӣ гардид. Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, яъне чун солҳои пеш масъалаи маориф соҳаи имтиёзнок эълон карда шуд ва Президент гуфтанд, ки “халқе пеш меравад, ки ба маориф диққати аввалиндараҷа медиҳад”.

Дар си соли истиқлолият 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, ин самт боз идома хоҳад ёфт. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор ёфтааст. Дар ин самт масъалаи забономӯзӣ аз тарафи Роҳбари давлат дар маркази диққат қарор гирифта, чунин баён доштанд, ки “бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Бо ин мақсад роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ вазифадор гардиданд, ки масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои омода намудани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, табиӣ бо ҷорӣ намудани таълим бо забони хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намоянд. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда шуд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия ва дар муддати муайян барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Паёми навбатии  Пешвои миллат мо устодонро ҳушдор месозад, ки дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо, сиёсатбозиҳои абарқудратон ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ меҳнату фаъолияти босамарро роҳандозӣ намоем. Бо пуштибонӣ ва дастгирӣ аз сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳар фарди соҳибхиради кишварро зарур аст, ки Паёми навбатии Президенти мамлакатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри тадбиқи ҳадафмандонаи он кӯшиш ба харҷ диҳад, то дар солҳои минбаъда Тоҷикистони мо ба як давлати пешрафтаву обод табдил ёбад.

Раҳматова Д.А.-дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *