Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: САҲМИ ЗАНОН ДАР ТАШАККУЛ ВА ПЕШРАФТИ ҲХДТ

Аз таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 сол пур шуд. 10 – декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардида, бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тӯли фаъолияташ ба боварии мардум сазовор шуда, ба бисёр дастовардҳо шарафёб гардидааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби ормонҳои халқ буда, обрӯву нуфузи хосаеро ба даст овардааст.

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақша – чорабинӣ дар доираи “Ҳафтаи ҳизб” ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Фурӯзон” мизи мудаввар таҳти унвони “Саҳми занон дар ташаккул ва пешрафти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бо иштироки муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, намояндаи Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар вилояти Суѓд Азиза Мирзохӯҷаева фаъолзанон ва собиқадорони ҳизб баргузор гардид.

 Ҳамоишро муовини раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ифтитоҳ намуда, номаи муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ ба саҳми ҳозирин расонид.

Сипас, ходими давлатӣ, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори ҳизб Шуҷоат Ҳасанова ва аъзои фаъоли гуруҳи таблиғотии кумиҷроияи шаҳр, собиқадори ҳизб Хайринисо Темирова оиди ташкилёбии ҳизб, ғояҳои асосӣ, дастовардҳо ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  баромад карданд. Таъкид гардид, ки Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсию иқтисодӣ, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули худ то имрӯз талош меварзад.         Ин ҳизби воқеан ҳам ормонӣ бо талош ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуда, тавонист, чун ҳизби нуфузпайдокарда ва татбиқкунандаи идеяи миллӣ барои пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон хизмати шоиста кунад. Дар фарҷоми ҳамоиш ба якчанд нафар аъзоҳои навинтихобшуда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *