Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Саҳми Пешвои миллат – дар таъмини сулҳу субот дар кишвар ва минтақа

  • МАҚОЛА: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21 декабри соли 2021 ироа намудаанд: «Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд».

Дар замони имрўза баҳри татбиқи талошиҳои Пешвои миллат нисбати устувории сулҳу амнияти миллӣ кўшишҳое низ ҳастанд, ки ба қадру қиммати дастровардҳои имрўза нарасида истодаанд. Ҳарчанд, нисбати ин масъалаҳо Пешвои миллат таъкидҳо карда буданд ва нисбати масъалаи амалиёти зиёновару фасодбори гурӯҳҳои ифротӣ, экстримистӣ дар олам дарҷ карда шуд. Пешвои миллат бо нигарони иброз доштанд, ки солҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гўшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодааст.

Дар ин ҷода, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз доираи назари кўшишҳои террористиву экстримистӣ дур намонда аст. Ҳатто зумрае аз онҳо бархоста аз дохили мамлакат ҳамонҳоянд, ки бар Ватан хиёнат кардаву барои манфиатҳои худ ва гаразҳои гурӯҳҳояшон даст ба омилҳои шармандавору зиёновар ба халку кишвар заданд. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоку пурғарази худ аз ягон амали зишту нопок ва вахшиёна даст намекашанд. Ифродгароён ва гурӯҳҳои номатлуб аз паси “хоҷаҳои хориҷиашон” паноҳ бурда, санги маломат ба сӯи Тоҷикистон меафкананд, иғвогарои мекунанд. Чунон ки дар забони мардуми мо мегуянд “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, аз Пешвои миллати хеш дифо намоем, зеро пушту паноҳи ҳамаи мо Пешвои муаззами миллат мебошанд. Пешвои муаззами хешро мо падари маънавии ҳар як тоҷику тоҷикистони гуем низ ҳато намекунем, зеро маҳз ҳамин шахс ғами тарбияи фарзандони мову шуморо хурда «Қонуни Ҳукумати Тоҷикистонро» аз санаи 2.08.2011, таҳти рақами 762 «Дар бораи таълиму тарбияи фарзанд» амали сохтанд, ки ин икдом бори дигар аз гамхории падаронаи ин инсони начиб мужда медиҳад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охирин худ махсусан зикр намудаанд: «Расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем».

Ҳамин тариқ, мо халқи Тоҷикистон дар назди наслҳои ҳозира ва оянда дар рушди кишварамон вазифадору масъул мебошем, ҷонибдори сиёсати хирадмандонаву маънавибунёди Пешвои муаззами кишвари хеш буда, амалҳои номатлубро доимо, дар хар кадам махкум хоҳем кард.

Самадов Б. О. аъзои

ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *