Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Саҳми ҷовонон дар пешрафти кишвар

Дар замири ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.

Дар ҳақиқат, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем.

Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳоди созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Масъалаҳои ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии аҳолӣ дар баробари 4 афзалиятҳои стратегии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари амалҳои давлат дар самти баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон дар мадди аввал қарор доранд. Танҳо давоми соли 2019 мавриди муҳокимаи пайваста ва тасфири дақиқ қарор додани ҷанбаҳои гуногуни хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба ҳар як қишри ҷомеа дар ҷаласаю машваратҳои шӯроҳои амният, ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои сил, вируси норасоии масунияти одам, вараҷа, мубориза бо нашъамандӣ ва ғайра дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат ба масъалаҳои иҷтимоӣ шаҳодат медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо ҷавонони сарбаланди кишвар дар баробари иштироки фаъолона дар рушди тамоми самтҳо, ҳамзамон, дар таъмини солимии ҷомеа низ саҳми назаррас доранд.

Хоҷаева М. И

аъзои Кумитаи иҷроияи “Сомон” – и

назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *