Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: СОЛИМИИ ҶОМЕА – КАФИЛИ МУВАФФАҚИЯТ

Санаи 27 январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Иттиҳод”дар Маркази клиникавии дермото –венерологии вилояти Суғд вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов ва Зайниддин Зунунхӯҷаев ширкат варзида, оид ба нуктаҳои Паём ибрози андеша намуданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар Паёми имсола дастовардҳои панҷ соли охир ва нақшаҳои мушаххас дар соли оянда тарҳрезӣ гардида, баробари ин Сарвари давлат баён намуданд, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *