Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Сулҳу субот мароми мост

Миллати тоҷик аз қадимулайём халқи сулҳпарвар, таҳаммулпазир, дӯстпарвар мебошад. Барои он, ки  дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромиву ободи поянда бошад, набояд ба мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар гурӯҳҳои алоҳидаву лидерони гуногун пайдо шаванд, маҳз дар ҳамон давраҳои бе сару сомониҳо сабаби асосии ҷанги бародаркуш ин набудани лидери ягона ва мавҷуд будани гурӯҳбозиҳо буд, ки дар натиҷа халқи оддӣ чи қадар азобу ранҷа кашида буд. Халқ бояд як лидери расмӣ дошта бошад, мо лидер дорем яъне лидери мо Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамагон бисёр хуб медонанд, ки беэҳтироми қонуният ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ба ҷо наовардан ба чи натиҷа оварда мерасонад.  Ҳар як шаҳрвандӣ ба ору номус бояд қонунро эҳтиром намояд ва онро риоя намояд, зеро дар Тоҷикистон қонун барои  ҳама баробар аст.

Дар кишвари азизамон набояд имрӯз ташкили гурӯҳҳову дар байни мардум таҳлуқа андохтан имконпазир бошад. Мардум бояд дуруст дарк намояд, ки ин сулҳу субот, тинҷиву оромии кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст.

Ташкил кардани гурӯҳҳо, эхтиром накардани қонун, мардумро бо ҳаргуна гапҳои дурӯғ ба таҳлуқа андохтан ҳечгоҳ ба натиҷаи хуб оварда намерасонанд. Чунин ашхосон бояд саривақт дастир гардида, бояд дар назди қонун ҷавоб диҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз обод мегардад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Халқи тоҷик хуб медонад, ки бо кӯшишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, Ваҳдату сулҳ падидор аст.

Раҳмонов М.М. – аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *