Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Суруру шодии наврӯзӣ

Омадани Наврӯзи дилафрӯз ба мулки зебоманзари мо тоҷикон боз ҳам ҳусну таровати хоса зам намуда, диёрамон гулфишон ва зебову шукуфон мегардад. Аз фарорасии баҳори нозанон ва Наврӯзи фархундапай чеҳраҳои мардум болида мегардад ва илҳоми тоза ба худ касб намуда, баҳри ободиву озодагӣ ва гулбор намудани гирду атроф шуруъ мекунанд. Дар Иди Наврӯз суннатҳо ва анъанаҳои миллии аҷдодиамонро бисёр дар сатҳи олӣ гузаронида мешавад, ки яке аз онҳо ин аёдати собиқадорони меҳнат, ашхоси ниёзманди кишри ҷомеа ва ятимони бепарасторон мебошад. Ин иқдом чун анъана дар ҳар иду айём аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҷо оварда мешавад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Наврӯзи Аҷам чорабинии идона барои кормандони Маркази иҷтимоии тавонбахши иттиҳодияи нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор намуданд.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, директори филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ, соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Манучеҳр Садриддинов иштирок ва суханронӣ намуда, кормандони ин марказро бо Наврӯзи хуҷастапай муборакбод карданд. Таъкид гардид, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҷашни Наврӯз дар кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад ва ин анъана сол аз сол перостаю рангинтар ҷашн гирифта мешавад. Бигзор Наврӯз дар мулки тоҷикон пойдор бошад ва мардум бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором умр ба сар баранд.

Барои кормандони ин марказ дастархони идона омода гардида, инчунин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Қисми фарҳангии чорабинӣ бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯз дар иҷрои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и шаҳри Хуҷанд ва сурудҳои ҷаззоби ҳофизон Аловиддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо, Муъминҷон Муллоев ва Ҳусейн Юсупов дар сатҳи баланд омода ва пешкаш гардид, ки то дер хотири иштирокчиён боқӣ хоҳад монд.

Дар охир раиси филиали Ташкилоти Ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Акрам Салимов барои ташаббускорони ин чорабинӣ арзи миннатдорӣ баён кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *