Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ТАРҒИБИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо кормандони мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералӣ шаҳр вохӯрӣ гузарониданд.

Қайд гардид, ки дар ҳақиқат, Паёми навбатии Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои мухталифи ҷомеаро фаро гирифта, ҳамчун таккондиҳандаи рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути Паём ба сокинони кишвар аз натиҷаҳои дастовардҳои давлату Ҳукумат иттилоъ дода шуда, нақшаҳо барои соли оянда тарҳрезӣ мегарданд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат, ки тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мустақиман пахш гардид, аз ҷониби мардум ҳамчун санади роҳнамо пазируфта шуд. Вазифаи ҳар як шахси ватандӯст дар Паём ироа гардида, роҳҳои расидан ба он зикр гардид.

Дар Паёми худ Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *