Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Таърихи пайдоишу ташаккули ҷашни Наврӯз

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Ҳофизи Шерозӣ” –и Кумитаи иҷроияи ибтидоии  “Бобоҷон Ғафуров” маҳфили навбатии “Баҳористон” зери унвони “Ҷойгоҳи Наврӯз ва расму оинҳои он дар адабиёти муосири тоҷик” баргузор гардид.

Нахуст, роҳбари маҳфил дотсент Мутриба Мавлонова дар хусуси таърихи пайдоишу ташаккули ҷашни Наврӯз ва расму суннатҳои он маълумот дода, зикр кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бостонӣ аз нав эҳё гардида, мақоми ҷаҳониро касб намуд. Сипас донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюм дар мавзуъҳои “Аз таърихи ҷашни Наврӯз”, “Инъикоси ҷашни Наврӯз дар шеъри замони Истиқлолият” маърӯза карданд. Аъзои фаъоли маҳфил Қодирова Соҳиба, Исоева Нӯшофарин,  Асророва Ситора,  Мирзоева Умеда китобҳои “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Нарӯзнома”-и Туғрали Аҳрорӣ, “Наврӯзномаи Суғд” ва “Нарӯзнома”-и Темурмалик Рустамро муаррифи карданд. Дар ҷараёни маҳфил аз ҷониби иштирокчиёни маҳфил дар васфи баҳор ва Наврӯз шеърҳо қироат карда шуданд. Ҳамчунин донишҷӯёни соҳибқалами факултети филологияи тоҷик аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд Умия Абдуқодирзода ва Элмира Қурбонова аз ашъори худ дар васфи Наврӯз шеърҳо қироат карданд.

      Ҷонишини декани факултет оид ба илм дотсент Сорбон Азизов аз ҷараёни баргузории чорабинию маҳфилҳои кафедраи адабиёти муосири тоҷик дар ҳафтаи илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки чорабиниҳо хеле ҷолибу хотирмон ҷараён гирифт ва минбаъд низ кафедраи адабиёти муосири тоҷик барои гузаронидани чорабиниҳои илмӣ саҳмгузор бошанд.

Дар интиҳо профессор Замира Ӯлмасова чорабиниҳоро ҷамъбаст намуда, зикр карданд, ки моҳҳои минбаъда маҳфилҳои дигар доир ба рӯзгору осор ва хусусиятҳои ашъори адибони номвари тоҷик бахшида ба 90 солагии шоирони маъруфи тоҷик Мӯъмин Қаноат, Қутби Киром ва Убайд Раҷаб баргузор хоҳанд шуд.    

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *