Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ!

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ байни аҳолӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии амалҳои номатлуб, самаранок истифода бурдани қувваи барқ, фаҳмонидани қоидаҳои  буду бош дар дар давлатҳои хориҷ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва аъзо фаъоли гуруҳи таблиғотии кумиҷроя Зунунхӯҷаев З. бо  сокинони фаъоли маҳаллаи “Сари баландӣ” ва  устодону донишҷӯёни  Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд мулоқот доир намуд.

Таъкид гардид, ки  бузургтарин хизмате, ки мо дар ин ҷода анҷом хоҳем дод, ин пеш аз ҳама дар руҳияти худшиносӣ, дӯст доштани марзу буми кишвар тарбия кардани насли ҷавон аст. Зеро вазъи ҷаҳони муосир, қудратталабии давлатҳои абарқудрат аз ҳар як шаҳрванди бонангу номус тақозо мекунад, ки ҳушёру зирак бошад, ватанашро сидқдилона дӯст доранд.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳимояи Ватан барои ҳар як ҷавонмард ҳам фарз асту ҳам қарз.  Маҳз адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як ҷавони боору номусро ба далериву мардонагӣ ва расидан ба қадри ҳаёту зиндагӣ, волидайну пайвандон раҳнамун месозад.

Мақсад аз тарғибу ташвиқоти  гуруҳи корӣ ин садди роҳи ҳаргуна қонунвайронкуниро гирифтан буда, фарзандонамонро бо роҳи дуруст тарбия намудан ва ба  меҳнатдустию меҳанпарастӣ, ободкориву созандагӣ ва нигоҳ доштани урфу адат ва анъанаҳои миллии тоҷикона мебошад ва ба ин васила мо метавонем,  бо сокинони маҳаллаҳо ҳамкориро тақвият бахшида, барои рушду нумӯъ, пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳиссаи арзандаи хешро  гузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *