Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ХИЗМАТ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ – МАКТАБИ ҶАСОРАТ

Дар доираи аксияи Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат” дар Комендатураи ҳарбии № 03377 Гарнизони вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Нахуст аҳли иштирокдорон аз буду боши қисми ҳарбӣ ошноӣ пайдо карданд ва аз мушоҳодаҳо аён гардид, ки  шароити сарбозон  хеле хуб мебошад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон хизматичиёни қисми низомиро бо 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар тӯли фаъолияти бомаром дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон додаанд ва мо қаҳрамонию ҷоннисории онҳоро фаромӯш нахоҳем кард. Ҳифзи Ватан, сулҳу осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши миллӣ қобили муҳофизати марзу буми кишвар доранд ва онҳоро шабонарӯзӣ муҳофизат мекунанд.

Ҳамчунин, Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов зимни баромади хеш зикр дошт, ки барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватан ва қадри волидонро меомӯзанд.

Ҳамзамон байни сарбозону афсарон мусобиқаи варзишии шоҳмот ва шашка гузаронида шуд, ки ғолибон бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Ҳадафи аз баргузории чорабинии мазкур ин  бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ошноӣ аз вазъи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ маҳсуб меёбад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *