Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Худ ва наздиконро эҳтиёт намоед!

Тибқи нақшаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо масъулини Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Хуҷанд аксияи “Худ ва наздиконро эҳтиёт намоед!” дар мавзеъи назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷанд баргузор намуд.

 Он рӯз, ки ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд, аҳолии зиёд бо мақсади харидорӣ намудани анвои гуногун онҷо сарҷамъ омада будавнд. Зимни баргузории аксия масъулин корҳои фаҳмондадиҳи оиди пешгирии бемории сироятӣ каронавирус, тақсимоти муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  ва тақсимоти ниқобро ба роҳ монд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ, орду равған баргузор гардида истодааст.

Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *