Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ

   Мувофиқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, тибқи барқияи телефонии  № 31 аз 20 апрели соли 2022 – и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд,  оид ба пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм,  барои босифат иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касби политехникии шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд баргузор гардид, ки дар он аъзои гурӯҳи тарғиботиву ташвиқотии кумиҷроия устоди ДИС ДДТТ  доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Абдумавлон Азимов, мудири шуъбаи ҷавонони кумиҷроияи шаҳр Эҳсон Исоев, ва муовини муассиса Исохӯҷаев Рустамхӯҷа ширкат варзиданд.

Абдумавлон Азимов зимни баромади хеш қайд намуд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.    

Сипас, Эҳсон Исоев мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин гуна ҷиноятҳо оварда мерасонад, маъруза намуда, зикр кард, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Ҳамчуин  дар баромадаш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки Хизмат ба Ватан – Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон аст. Таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакат ҷиҳати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар беназир мебошад. Хизмат ба Модар – Ватан вазифаи муқаддас буда, шарафёб гаштан ба ин рисолати бузург бахти ҷавонмардӣ, оини ватандорӣ, садоқати фарзандӣ ва  нангу номуси шаҳрвандист.

Дар охир, муовини директори Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касби политехникии шаҳри Хуҷанд Рустамхӯҷа Исохӯҷаев ба меҳмонони чорабинӣ ҷиҳати иштирок ва суханрониашон изҳори миннатдорӣ карда, ба  чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо минбаъд низ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *