Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: ҶАВОНОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Дар ташкилоти ибтидоии “Хоразмӣ” бо ташаббуси Шаҳриёр Маъбудов ва аъзоёни ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  соати хониши сиёсӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар оғоз Олимҷон Тӯйчиев баромад намуда, афзуд, ки терроризм ва экстремизм падидаи номатлуби ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, мубориза бо ин падидаро кори дастаҷамъона арзёбӣ намуд.

Сипас, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар мавзуъҳои “Экстремизм ва терроризм”, “Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм”, “Терроризм ва экстремизм- ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ” баромад намуданд. Дар идома перомуни мавзуи мавриди назар мубодилаи афкор ҷараён гирифт.

Чорабинии сиёсиро Музаффархӯҷа Мирзохоҷаев ҷамъбаст намуда, таъкид дошт, ки ҷавонон дар замони ҷаҳонишавӣ бояд зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри пешрафту ободии Тоҷикистони азизи хеш талош варзанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *