Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Ҷавонон нерӯи пешбари миллат

Дар ташкилоти ибтидоии “Дента” тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо аъзоҳои фаъоли ҳизб оиди масъалаҳои риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд” ва даъвати ҷавонон ба сафи  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева оиди масъалаҳои дар боло зикргардида иштирок ва баромад карданд. Зимни вохурӣ  таъкид гардид, ки риояи Қонун барои ҳама ҳатмӣ буда, дар таълиму тарбияи фарзандони хеш бетараф набошем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадҳояшон таъкид мекунанд, ки  ояндаи давлат дар дасти  ҷавонон аст ва пайваста дар ҳама мавридҳо ҷавононро дастгириву пуштибонӣ мекунанд.

Имрӯз мо бояд, наслҳои ҷавонро тавре тарбия намоем, ки дар қалби онҳо пеш аз ҳама ҳуввияти миллиро бедор намуда, аз онҳо шахсони дар ҷамъият манфиатовар камол ёбанд ва барои ободонии  Ватани азизи худ ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамеша саъю талош намоянд.

Ҳамингуна вохӯриҳо бо аъзоёни ҳизб дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *