Рубрики
Uncategorized

МАҚОЛА:Чист истиқлол? иззат доштан,Бар диёри худ муҳаббат доштан.

9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст, ҳамчун санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин санаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки 30-сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Дар ҳақиқат истиқлолият рамзи олии соҳибдавлатии миллати мост!

Чуноне, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсия мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Агар гўем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад шуд. Зеро барои расидан ба сулҳи кул ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсия (Сарқонун)-и ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.

Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати қонуниро дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарўзӣ мебурд.

Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати сидқидилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромўзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад.

Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».

Душвортарин муаммои мо дар зарфи си сол ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарўза бо он машғул мешуд. Албатта раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрўза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.

Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони туннели Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Аз ҷумла, сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1» ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. НОБ-и «Сангтўда-2», як қатор нерўгоҳҳои хурд ба кор даромаданд. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб- Шимол, Лолазор -Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1 ба истифода дода шуданд. Дигар аз чунин объекти стратегӣ НОБ–и Роғун ба ҳисоб меравад, ки аввалин чархаи он 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ он аз шаш чарха иборат буда, қудрати ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳанд. Сохтмони НОБ-и Роғун аз соли 2008 дубора оғоз гардидааст. Ҳамон сол дар НОБ –и Роғун 635 нафар коргар ва 46 адад техника ва механизм ба кор шуруъ кард. Ҳоло бошад дар он ҷо беш аз 25 ҳазор нафар мутахассисон ва коргарон, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, кор мекунанд.

Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон бо суръат идома доранд. Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанак ва нақби Шаршар ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.

Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрўза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандўстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуқтаро сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Президент аз ҷумла мегўянд: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурўҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рў, мову шумо бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем”.

                                              Хушнуд Каримзода – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *