Ҳар як ҷашн ба худ шукӯҳу шаҳомат ва суннату анъанаҳои хоса дорад. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯзи Аҷам, ки яке аз падидаҳои фарҳангии қавми ориёнажод аст, дар тӯли мавҷудияти худ ба пешрафти фарҳангу осори на танҳо халқҳои тоҷику форс, балки ба фарҳангу маданияти ҷаҳониён низ таъсиргузорӣ намудааст.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳамроҳонаш аз дастархони наврӯзӣ ва озмуни “Оши беҳтарин”, ки аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорони факултаҳои Коллеҷи омӯзгорӣ ороставу омода шуда буд, дидан намуда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ омодагӣ гирифтан ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз ба дастандаркорони чорабинӣ изҳори сипос намуд.
Баъдан дар толор, ки иштирокдорони чорабинӣ ҷамъ омада буданд, Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳозиринро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод кард. Мавсуф баргузории чунин чорабиниҳои хурсандибахшро аз сулҳу осоиштагии диёр ва истиқлолияти комили давлатӣ арзёбӣ намуд.
– Аз таҷаллии ҷашни хуҷастаи Наврӯз ба кошонаҳои мо нуру зиё мерезад, дар қалбҳо меҳру вафо лона мегузорад ва рӯйи роҳамон гулбезӣ мешавад. Ин ҳама файзу баракат ва шафоати Наврӯз аст. Наврӯз ин базму тараб, шодию нишот ва ҳамрозу ҳамнишинӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ аст, – гуфт дар идомаи сухан Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва ба аҳли ҳузур барору комёбиҳо ва рӯзгори босаодат таманно кард.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба беш аз 100 нафар донишҷӯёни фаъол шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, собиқадорони ҳизбу меҳнат, омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Директори Коллеҷи омӯзгорӣ Манучеҳра Кенҷазода ба меҳмонон изҳори сипос баён кард, ки бо ҳузури худ чорабиниро рангу ҷилои хоса бахшиданд.