Рубрики
Асосӣ

Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДҲБСТ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 29-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, ҷонишини Комиссариати ҳарбии горнизони вилояти Суғд Исмоил Раҳимзода, ҷанговарони интернатсионалист Яҳё Нурматов, Абдурасул Гадойбоев ва як зумра устодону донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ иштирок доштанд.

Ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки имрӯз туфайли баргузор намудани ҷамъомади тантанавӣ таърихи таъсиси Артиши миллиро варақ зада, роҳи тайкардаи онро пеши назар меорем. Ҷашне, ки ба хотири тантанаи он ҷамъ омадаем, ҷашни умумихалқӣ, ҷашни касбии онҳоест, ки туфайли мубориза ва ҷоннисориҳояшон мову Шумо дар вазъи ором ва осуда кору зиндагӣ дорем. Қарзи шаҳрвандии хеш меҳисобам, дар ҳоле ҷавонон бояд огаҳ бошанд, ки Артиши миллии мо дар кадом шароит бунёд шуд ва тӯли ин муддат то куҷо рушд кард ва таҷриба омӯхт.

Сипас, табрикоти раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қироат гардид. Аз ҷониби меҳмонони чорабинӣ иброз шуд, ки афсарону сарбозони Артиши миллӣ дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ қарзи ватандории хешро дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат садоқатмандона ба иҷро расонданд. Имрӯз устувории низоми давлатдорӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ба сатҳу сифати фаъолияти ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иҷрои бомасъулияту содиқонаи вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби афсарону аскарони диловари Ватан вобастагӣ дорад.

Воқеан, Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва сипари боэътимоди давлатдории миллиамон ба ҳисоб рафта, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ нерӯи қодир дар ҳимояи марзу буми Ватан, кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва зиндагии осудаи сокинони мамлакат мебошанд.

Дар чорабинӣ аз диловарию матонат ва шуҷоати хизматчиёни Артиши миллӣ сухан рафт ва мактаби мардонагии онҳо дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ба хизмати Ватан омода гардидани онҳо муҳим арзёбӣ гардид. Бахусус, таъкид гардид, ки ҷаҳони муосир, ки пур аз зуҳуроти номатлуб ва дигар омилҳои манфӣ мебошад, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии онҳо шарт ва зарур аст. Танҳо бо садоқат ба Ватан ҳар як шахс метавонад дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат бандад.

Дар қисмати дуввуми чорабинӣ ба устодону донишҷӯёне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона адои хизмат намудаанд, туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид.

Дар қисмати дигари чорабинӣ аз ҷониби дастаи созию овозии “Ошёни меҳр” барномаи фарҳангӣ ва саҳначаҳои хусусияти тарбиявидошта пешниҳод гардид. Суруду оҳангҳои дорои мазмуну мӯҳтавои ватандӯстона хотири иштирокчиёнро болида гардонд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *