Рубрики
Uncategorized

Чорабиниҳои тантанавӣ идома доранд

        Рӯзи гузашта дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар якҷоягӣ бо филиали №2 китобхонаи марказии ноҳия бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

        Дар чорабинии мазкур кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия,  хонандагони синфҳои болоии Гимназияи №1, МТМУ №5 ва волидайни хонандагон иштирок намуданд.

Чорабинии идонаро Раиси КИ ҲҲДТ дар ноҳия Одилзода Р. ифтитоҳ намуда иштирокчиёнро бо ҷашни 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, таъкид намуд, ки бигзор, Артиши миллии кишварамон зери дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии мардуми шариф ва Тоҷикистони азизамон боқӣ монад.

Дар чорабинӣ аз ҷониби хонандагони МТМУ №40  қироати шеърҳо дар васфи Ватан, намоиши саҳначаҳо, рақсу таронаҳои миллӣ  намоиш дода шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ хонандагони фаъол бо «Сипоснома» ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *