Рубрики
Асосӣ Мақола

ШАХРИСТОН: ҲИФЗИ ВАТАН – ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

                  Маънои калимаи «Ватандӯст» дӯстдори зодгоҳи худ будан, содиқ ба халқу ватани худ, меҳру муҳаббат доштан, меҳанпараст, ватанпараст, ватанпарвар будан аст. 

    «Ватан» сарзамине, ки дар он таваллуд шудаем, маконе, ки дар он хуни нофамон рехтааст ва муҳаббати он дар дилу дидаи мо ҷо гаштанро ифода мекунад.

      23 феврали соли 1993 рўзи фаромӯшнашаванда буд, ки дар ҳамин рузи хотирмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шуда, Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт на он қадар хуб буд. Хушбахтона имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст.    

   Дар тули 28 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки онро дар чанд ҷумла нишон додан ғайримкон аст.

    Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандӯстӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро  аз лолаву райҳон хуштар медонанд.

    Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокинони он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда буда, дар саросари он сулҳу субот ҳукумрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд.

  Ҳисси ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.

         Мардуми Тоҷикистон марҳалаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Дар музаффариятҳои бадастомада ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳ басо назаррас аст, зеро Артиши миллӣ кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум маҳсуб меёбад.

         Қобили қайд аст, ки ноҳияи зебоманзараи мо низ ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад,  дар деҳаҳои Фирдавсию Суғдиён дидбонгоҳҳои сарҳадӣ мавҷуд аст.  Дар ин дидбонгоҳҳо сарбозон бо як меҳру муҳаббати ҷавонмардона хизмат намуда истодаанд. Вақте ки ба ин дидбонгоҳ барои аёдати сарбозон меравем, аз ҳаёти сарбозон пурсон мешавем, ҳар яки ин ҷавонмардон аз  рӯзҳои хизматии худ баҳри  Ватан Модар ҳарф мезананд, дар чашмонашон фахр аз хизмати содиқона, меҳр ба Ватани худ ва ғурури саршор аз зодаи чунин давлати соибистиқлол буданашон  ҷилвагар мегардад.

 Мо кормандони кумитаи иҷроия аз шароитҳои дидбонгоҳ аз наздик шинос шудем.  Дар қисмҳои ҳарбӣ, яъне дар дидбонгоҳҳо ҷои хоб, китобхона, ошхонаҳои замонавӣ, синфхонаҳо барои машғулият барои сарбозон муҳайё карда шудааст. Сарбозон аз ин шароитҳои  фароҳам истифода намуда, баҳри осудагии ҳар лаҳзаи умри мо ва  дар хизмати  халқу Ватани худ мебошанд.  Қобили қайд аст, ки ҳамасола  ноҳияи Шаҳристон нақшаи сафарбаркунии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон сарбаландона иҷро намуд. Дар ин ҷода бо ифтихори баланд метавон гуфт, ки дар дилу дидаи ҷавонписарони ноҳиямон ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ пойдор аст. Ин аст, маҳсули меҳнати  омӯзгорон ва падару модарони мо мебошад.

Дар урфият мегӯянд, ки «Биринҷ бе курмак намешавад»  нафароне ҳастанд,  аз хизмати халқу Ватан даст кашида, бо баҳонаҳои гуногун  худро бемор ва нотавон мешуморанд. Дар асл бошад, онҳо тани сиҳату ақли расо доранд, аммо намехоҳанд, ки баҳри ҳифзи Ватан-Модар ду соли умри худро бахшанд. Ва мо шоҳиди он ҳастем,  ки ҳоло ҷавонон мактаби миёнаро хатм нанамуда, барои ба хизмат нарафтан,  роҳи муҳоҷиратро гирифта,  дар давлатҳои бегона мардикориро касб менамоянд. Ҳол он, ки дар кишварамон барои ҷавонони имрӯза баҳри касбомӯзӣ, соҳиби маълумоти оливу миёнаи махсус гардидан шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷавонон танҳо донишу ҳаракат талаб карда шуда истодаасту бас. Имрӯз Ҳукумати давлатамон барои ҳар яки мову Шумо шароити мусоид фароҳам овардааст, бинобар ин хизмат ба Ватан вазифаи хар як чавонмарди кишварамон мебошад.

Ҳамасола бо тантана ҷашн гирифтани санаи 23 феврал – Рўзи Артиши миллӣ дар кишварамон анъана гардидааст.

     Асоси ҳама гуна ҷашнҳо тинҷиву оромиву осоиштагии кишварамон мебошад. Дар кишваре, ки сулҳу субот ҳукмрон аст, ҳама гуна ҷашнҳо зебанда аст, мулк обод, дастархони мардум фаровон мегардад. Хурсандиовар аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рўзҳои вазнинро пушти сар карда, аз имтиҳонҳои сахттарини ин солҳо гузашт ва имрўз ба нерўи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз рушд меёбад.

Муллоева Матлуба

Мудири бахши иттилоот ва таблиготи ХХДТ дар нохияи Шахристон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *