Рубрики
Асосӣ

Шаҳристон: АЗ БАЛО ҲАЗАР

Муҳаммадбоқир Маҳмадбоқиров яке аз хоинони миллат буд, ки ба мақсади ғаразноки хеш нарасид. Мо ҷавонон танҳо парчамбардори миллати худ бошем ва ба ягон гурўҳҳои ифротгаро роҳ намедиҳем, ки ба пешрафти миллати тоҷик бо чашми бад нигарад, мо танҳо як Пешво дорем ва як миллат бо ном Тоҷикистони соҳибистиқлол. Мо ҷавонон пайравони пешвои миллат ҳастем.Ба мо пӯшида нест, ки як гурӯҳи хоинони давлату миллати мо дар давлати хориҷа паноҳ бурда, бар зидди кишвари худ сангпартоӣ мекунанд ва ҳаммаслакони худро ба кор меандозанд.

Ин нохалафон дар саҳифаҳои иҷтимои ютубу фейсбук ба паҳн кардани ҳар гуна хабару иғвоҳо ва суханрониҳои бепояву подарҳаво машғуланд.

Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони бонангу номуси тоҷик гуфтаҳои иғвоангезии хоинони миллат парвое надоранд ва намегузоранд, ки ба миллати хеш газанде бирасад.

ЗИРАКИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

Имрӯзҳо ба ҳамагон маълум аст, ки хоинони беҳувият мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои тахрибкор ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, инчунин, баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декабри соли 2021 таъкид намуданд, ки “Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем”.

Мо ба нангу номус ва ҷасорату матонати мардуми шарафманди ВМКБ бовар дорем, ки марзу буми хоки аҷдодии хешро ҳифз намуда, намегузоранд, ки нохалафе тинҷию осудагии мардумро халалдор намоянд.

Мо бо шумоем мардуми шарафманди Бадахшон!

        ТЕРРОРИЗМ ИН КУШТОР АСТ

Терроризм дар инкишофи таърихи инсоният ҳодисаҳои нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, дахшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмўъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунад. Яке аз чунин зуҳурот номатлуб, хатари минтақавӣ дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.

Имрўз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кўдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тўдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷҳилу нотавонбин истифода мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тащйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, щасби ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии

“У. Холбоев”-и Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон                      Қодиров Ҷуманиёз

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *