Бо мақсади нигоҳ доштани солимии ҷомеа корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон идома дорад.
Дар корҳои тарғиботӣ ба мардум таъкид карда шуд, ки барои худ ва наздиконашон беаҳамият набуда, дар ҳолатҳои сар задани бемории зуком, таъби баланд, дарди гулӯ ва бемадоршавӣ ҳатман ба табиби оилавӣ муроҷиат намоянд. Инчунин, дар хонавода ва маҳалҳо ба тозагию озодагӣ риоя карда, аз маҳлулҳои антисептики ва ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Зеро бо риоя намудани амалҳои болозикр мо натанҳо ҳаёти худро, балки ҳаёти дигаронро низ аз хавф эмин месозем.