Мақола: Мо ҷавононро мебояд, ки шукронаи ин давлати соҳибистиқлол бошему пайрави сиёсати хиратмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шуда, ба доми фитнаю найрангҳои хоинони миллати тоҷик, ки ғуломони хоҷагони хориҷиашон гаштаанд наафтем ва Ватани азизамонро чун ҷони худ ҳифз намоем.
Экстремизм ва терроризм дар ҷаҳони муосир падидаи нав ба шумор намеравад, балки солҳову асрҳост, ки он ба инсоният мушкилот ва хатарҳои бепоёне эҷод мекунад. Терроризм ва экстремизм фаъолияти қатлу куштор ва ваҳшониятест, ки аз ҷониби ниҳодҳои номаълум ба воситаи хароб кардани нерўҳои ақлонӣ ва ҷисмонии одамони авбошу қотил, ҷинояткору ғоратгар, зудбовар, гумроҳу фиребхўрда мавриди амал қарор дода мешавад. Мақсади ягонаи онҳо ноором сохтани вазъ ва ба сари мардум таҳмил кардани фарҳангу мазҳаби бегона мебошад.
Имрӯз, ҳар яки мо, Тоҷикистониёнро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, фарзандони худ масъулиятро боз ҳам бештар намуда, нагузорем, ки насли наврас, ҷавонон ба ҳар гуна унсурҳои бегона шуғл варзанд. Пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд. Ҳамеша ба рафтору кирдор ва тарзи либоспӯшиву муоширати онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоед.
Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Обидов И.И