Рубрики
Асосӣ Мақола

ШАҲРИСТОН: МУБОРИЗАИ БЕАМОН БАР ЗИДДИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

    Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки  ҳар гуна роҳҳои нави мубориза бар зидди экстремизмро ёбанду онро аз байн баранд. Ин зуҳуроти номатлуб метавонад миллату давлатро ба несту нобуди расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.

   Нахустин бор “террор” ва “терроризм” дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793-1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин калима шакли дигаргуншудаи калимаи арабии “таррор” аст. Таррор дар луғатҳо ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, оварда шудааст.

   Мумкин аст, ки хориҷиён калимаи “террор”-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаӣ арабии “таррор” гирифта бошанд. Ҳамин тариқ калимаи  «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» аст.

     Терроризм ва экстремизм як зуҳроти номатлубест, ки агар
сари вақт пеши роҳи онро нагирем, ба бадбахтиҳо ва бесарусомониҳо оварда мерасонад.

      Бархе аз ҷавонони мо аз кофӣ набудани донишу маърифату фарҳанги пасташон ба доми ифротгароён дучор мегарданд. Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз ягон кишвар аз хатари терроризм эмин нест, бинобар ин ҳамаи мо вазифадор ҳастем, ки бар зидди ин зуҳурот муборизаи беамон бараем ва сабабҳои пайдоиши онро бартараф намоем.

Мудири бахши иттилоот ва таблиғоти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон                                Муллоева М.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *