Рубрики
Uncategorized

ШАҲРИСТОН: ПАЁМ- МУЖДАИ НЕК БА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

         Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон аз тарафи гурӯҳи корӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ “Мадад” бо иштироки   аъзоёни фаъоли ҳизб, раисони маҳаллаҳо ҷиҳати  тарғибу  ташвиқи шарҳу тавзеҳ ва мазмуну муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия Ҳоҷимуродзода Ҷасур, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИМҲД-и ноҳия Турсунов Абдуқахор ва мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Эшмуратова Орзигул иштирок намуда, оид ба мазмуну муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар баромад намуда, зимни суханронии худ ҷанбаҳои муҳими Паёмро шарҳ дода, таъмини иҷроиши дастуру супоришҳоеро, ки аз Паём бармеоянд, вазифаи муҳим ва пурмасъулияти ҳар яки мо арзёбӣ намуданд.     

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда ва баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарону мақомоти дахлдор дастуру  супоришҳои мушаххасе доданд.

    Мо ҳизбиёни ноҳияи Шаҳристон Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба руҳияи баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ  дастгирӣ намуда, онро чун муждаи нек ба ояндаи дурахшони миллати тоҷик ва раҳнамои фаъолияти хеш мавриди омӯзиш қарор медиҳем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *