Рубрики
Асосӣ

ШАҲРИСТОН: Экстремизм ва терроризм чист?

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим — ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид.

Авҷихатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд. Имрӯзҳо доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм зиёд ҳарф мезананд, менависанд ва тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима менамоянд. Маънои аслии «экстремизм», «терроризм» чист ва он чӣ гуна намоён мешавад?» Экстремизм аз калимаи франсузии «extremizme» гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳои тундравона, ва як маънои дигараш аз ҳад гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.

Экстремизм ва терроризм ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамояд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ онҳо пайравӣ менамоянд. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки бо барпо намудани он барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногунро, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8 декабри соли 2003 қабул карда шудааст, ки ба он соли 2007 тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *