Рубрики
Uncategorized

Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод

          Имрӯз боз  дар ду муассисаи калони таълимии  шаҳри Панҷакент бо баргузории маҳфилҳои ҷолиб ,  иштироки омӯзгорону хонандагон, аҳли зиё , кормандони шӯъбаи маориф ва фаъолони ташкилоти шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро бо барномаҳои ҷолиб таҷлил намуданд.

          Дар литсеи № 1-и шаҳр бо ибтикори маъмурият ва омӯзгори варзида Бахтиёр Султонов хонандагон дар заминаи достони машҳури шоир – “Ҷони ширин”,  саҳнаи хотирмонеро таҳия намуданд, ки мақбули ҳозирин гашт.

          Омӯзгорону хонандагони МТМУ №15, ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бошанд барномаи таҷлили зодрӯзи устод Мирзо Турсунзодаро аз гузориш дар бораи рӯзгору осор, қироати шеъру достонҳои машҳури шоир, саҳначаҳо аз рӯзгори ӯ, байтбарак, сурудҳо ба ашъори ин шоири тавоно мураттаб кардаанд.

         Ба устодону хонандагони таълимгоҳ  мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева барои таҳияи чунин барномаи ҷолиб  сипос гуфта,  Мирзо Турсунзодаро чун вассофи зан- модар ва сулҳу дӯстии халқҳои ҷаҳон муаррифӣ намуд.

         Чунин маҳфилу  нишаст ва конфронсҳои адабӣ ба ифтихори ҷашнвораи ин шоири тавоно ва муаррифгари миллат дар  ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр бо иштироки фаъолони ҳизб баргузор мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *