Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон ва раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ошно шуда, ба роҳбарияти Кумиҷроияи шаҳрӣ ҷиҳати босифати баланд ва дар мӯҳлати муайянгардида ба охир расонидани корҳо тавсияҳо доданд.
Боиси зикр аст, ки дар сохтмони бинои мазкур саҳми соҳибкорони ватанӣ ва аъзоёни ҳизб шоистаи таҳсин буда, кушодашавии он дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.