Рубрики
Uncategorized

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар маркази таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи тарҳрезигардида босуръату сифати баланд ҷараён дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази таълимӣ дар масоҳати наздики 5 гектар замин бунёд мегардад ва дар ҳудуди он баробари иншооту биноҳои таълимӣ ҳамзамон, майдончаҳои варзишӣ, ҳуҷараҳои истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар асоси талаботи имрӯза муҳайё карда мешавад.

Дар рафти корҳо дар ҳама қитъаҳои иншоот асосан бинокорону мутахассисони маҳаллӣ бафаъолият ҷалб гардидааст.

Масолеҳи сохтмонии истифодашаванда дар иншоот истеҳсоли корхонаву коргоҳҳои ватанӣ буда, дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои имрӯза мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда дар ҳудуди Маркази таълимӣ ва суҳбат бо бинокорону сохтмончиён ҷиҳати иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайнгардида ба истифода додани он дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *