Рубрики
Uncategorized

ШОИР АНДАР СИНАИ МИЛЛАТ ЧУ ДИЛ

Имсол ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода 110 сол пур мешавад.

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо дастури кумиҷроияи вилоятии ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳои таълимии шаҳр силсилаи чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бахшида ба рӯзгор ва осори ин шоири тавоно ва номвари тоҷик баргузор мешаванд.

Чунин маҳфили адабӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён, хонандагон ,кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва МТМУ № 30 баргузор шуд. Донишҷӯён ва хон6андагон дар бораи осори шоир ибрози назар намуда, аз ашъори ӯ порчаҳо қироат карданд.

Кумитаи иҷроия тасмим гирифтааст, ки барои беҳтарин донандагони ашъори Мирзо Турсунзода ҷоиза таъсис дода, онро ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *