Рубрики
Асосӣ

Ш.ГУЛИСТОН: АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ”

     Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади  сазовор таҷлил намудани Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи таърихӣ  аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз”-ро роҳандозӣ намуд.

    Дар аксияи кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, фаъолони ҳизб, ҷавонон, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд. Зимни аксия масъулон аз Иҷлосияи тақдирсоз ёдоварӣ намуда, дар муассисаҳо ва корхонаву ташкилотҳои ибтидоӣ шиору овезаҳои ҳизбиро оид ба дастовардҳои даврони истиқлол насб намуданд.

     Ҳадафи баргузории аксия шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд мебошад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки баҳри рушду нумӯъ ва ободию пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. Аксҳо аз ҷараёни баргузории аксия.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *