Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи Адрасмон

       Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи давлатии Беморхонаи №1-уми шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Шарифа Отаҷонова, маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ  баргузор гардид. Дар маҷлис 5 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

        Тибқи масъалаи якум ва дуюми рӯзномаи маҷлис натиҷаи фаъолияти ташкилот ибтидоии ҳизбӣ аз ҷониби раиси ташкилот баррасӣ гардида, нақшаи фаъолияти ташкилот барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ карда шуд.

       Дар асоси масъалаи сеюми рўзномаи маҷлис бо тарафдории аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Адрасмон” Мирзовалиев Ҳусанбой Туйчиевич дигарбора раиси ташкилот интихоб гардид.

       Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Шарифа Отаҷонова зимни суханронии хеш   қайд намуд, ки имрӯз  мо дар арафаи                         25-солагии Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Мо аъзоёни фаъоли ҳизб кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба азму иродаи ташаббускоронаи ҳар як аъзои  ҳизб боварии комил доранд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар мамлакат бахши тандурустӣ рушд ёфта, сол то сол пешравиҳои назаррас дида мешавад. Давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ дар мамлакат  беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ зиёд бунёд гаштааст.

    Дар фарҷом фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизби қаноатбахш ҳисобида шуда, барои фаъолияти минбаъда, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳо  дода шуд. Суратгузориш аз ҷараёни маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *