Дар ташклити ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон баргузор гардид.
Ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” 138 нафар ҳизбиёнро муттаҳид намуда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу субот кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Ҳамзамон, ибрози сухан карда шуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол 25-умин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои ҳамдилӣ ва нусрату пешравиҳои созандагӣ таҷлил менамоянд. Маҳз бо кӯшиш ва талошу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи нек рух доду миллати парешони тоҷик сарҷамъ гашт ва мамлакатамон обод гардид.
Ҷамолиён Муслимахон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон зимни суханони хеш ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолона дар амалишавии Оиннома ва Барномаҳои ҳизб ибрози ақида намуд.
Дар фарҷоми маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ба якчанд аъзоён ба ҲХДТ қабул гардида, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.