Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Дилшодӣ Абдуқодир”

Дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дилшоди Абдуқодир” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки  дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода иштирок намуд.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ чор масъала баррасӣ гардид:

  • Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолиятии минбаъда;
  • Тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ;
  • Интихоби раис;
  • Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот дод. Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Дилшодӣ Абдуқодир” фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти ҳизбӣ баланд бардошта шуд. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барномаҳои ҳизбию давлатӣ, ки ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҳаёти ҷомеа ва махсусан соҳаи тиб нигаронида шудааст, корбариро байни кормандони муассисаҳои тиб ва аҳолӣ роҳандозӣ намудааст.

      Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода фаъолияти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш изҳор намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби кормандон ба сафи ҳизб, пешгирии бемории сироятӣ  ва дигар масъалаҳо вазифагузорӣ намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюм нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ тасдиқ карда шуд. Бо пешниҳоди аъзоёни ҲХДТ –Ҷабборзода Д.А. аз нав ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб гардид. Дар маҷлис аз рӯи дигар масалаҳои зикршуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.Суратгузориш аз ҷараёни маҷлис.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *