Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: МОҲИ ХАЙР БА АМАЛИ НЕКӮ

     Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои барқияи телефонии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон №8 аз 05 апрели соли 2022 дар моҳи шарифи Рамазон якҷоя бо аъзои фаъоли ҳизб аёдати оилаҳои ниёзманд ва маъюбро ба роҳ монд.

    Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода аз аҳволи иҷтимоии оилаҳо пурсон гардида, таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар  дастгирии маъюбон ва оилаҳои ниёзмандро дар мадди аввал қарор дода, пайваста ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Волидон шукронаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ намуда, аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат хушнуд гардида, арзи сипосгузории хешро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *