Рубрики
Асосӣ

Ш.ГУЛИСТОН: СОАТИ СИЁСӢ КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар мавзӯи Конститутсия -бахтномаи миллат соати сиёсиро роҳандозӣ намуд.

Масъулон зимни баромади хеш иброз доштанд, ки ҳамасола халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабулгардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд. Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар гардад.

        Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар гардидааст.
Дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *