Рубрики
Асосӣ

Ш.ГУЛИСТОН: ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ КИШВАР

     Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Зарнисор” -и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба оқилонаю самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби заминҳои наздиҳавлигию дар ихтиёрдошта, захира барои зимистонгузаронӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст.

     Саҳми кормандон ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 дар чидани меваҷот ва кӯмак ба боғдорон басо назаррас аст. Сокинон ғамхориҳои давлату ҳукуматро тарафдори намуда, аз заминҳо фаровон истифода мебаранд ва  мевагиҳоро барои зимистонгузаронӣ захира менамоянд. Аксҳо аз кӯмак ба боғдорон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *