Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихор ва сарбаландист!

      Коркунони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҳамарӯза корҳои тарғиботиву  ташвиқотиро байни шаҳрвандон оид ба ҷавонони синнусоли даъватӣ баҳри хизмат ба Ватан дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар маҳалҳо, кӯчаҳо, хона ба хона рӯ ба рӯ бо шаҳрвандон корбарӣ намуда истодаанд.

    Зимни сӯҳбат қайд гардид, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб сохта истодааст.  Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як ҷавонмард аст. Байни аҳолӣ, падару модарон, ҷавонон,  корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва омодагӣ ба ҳарбиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондан, ҷавононро  баҳри хизмат ба Ватан омода сохтан, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванд мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *