Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Паёми Пешвои миллат – санади саравиштсоз

        

Оғоз аз 4 январи соли 2022 мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳиддин ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар шаҳри Конибодом ҷараён гирифт.

Нахустин мулоқот дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор шуд .

Дар мулоқот раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода, намояндаи МИҲД – и вилояти Суғд ,Муовини сардори муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар вилояти Суғд Мансуров Мирзоалӣ Раҳматович , раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир ва инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳиддин зимни баромади хеш қайд кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан санади таърихист, зеро он тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати кишварро барои як сол ва солҳои минбаъда мушаххас менамояд. Дар идома, илова гардид, ки бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд гардида, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ 20 фоиз зиёд карда шуд ва ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022 50 фоиз зиёд гардида, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Сипас, намояндаи МИҲД – и вилояти Суғд баромад намуда, иброз дошт, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дарбаргирандаи барномаи мукаммали кори тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳоли рушду шукуфоист.

Дар интиҳо раиси шаҳри Конибодом ба меҳмонон ҷиҳати иштирок дар мулоқот ибрози сипос намуда, қайд кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҳамватан, пайғоми пурнишот барои насли имрӯзу фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *