Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мавриди таҳқиқ ва омӯзиши амиқ қарор додани хидматҳои созанда ва наҷиби роҳбари ҳизб-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдату сулҳ дар кишвар тасмим гирифтааст, рӯзҳои даҳаи дуюми моҳи октябри соли 2022 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони навин” баргузор намояд.
Ба конфронс олимону муҳаққиқон, докторантону аспирантон, магистрантон, мутахассисони соҳа метавонанд мақолаҳои илмии худро пешниҳод намоянд.
Мавзӯъҳои меҳварии конфренсия
- Мақом ва нақши Роҳбари ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор ва пойдории ваҳдати милӣ дар Тоҷикистон;
- Барномаи ҲХДТ: “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” ва равандҳои татбиқи он
- Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва аҳамияти таърихиву сиёсии он;
- Нақши Иҷлосияи таърихӣ дар бартарф кардани низои дохилӣ;
- Рушди устувори иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон;
- Саноат – заминаи асосии рушди иқтисоди миллӣ;
- Рушди энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ;
- Таъмини амнияти озуқаворӣ – омили некӯаҳволии шаҳрвандон;
- Омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимии кишвар;
- Ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа ва ҳомиёни Ватан ;
- Саҳми занону бонувон дар пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа;
- Нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини рушди босуботи иқтисодӣ;
- Аз таърихи баргузории Иҷлосия: таҳлил ва баҳогузорӣ;
- Самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навин;
- Татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат дар барномаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон;
- Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби ташаббускор ва манбаи ғояҳои нав;
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ташаббускор ва амалисози ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сарварӣ ва хизмат ба нафъи халқу Ватан;
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби мардумӣ;
- Ҷойгоҳи матбуоти ҳизбӣ дар ВАО ва тарғиби сиёсати Пешвои муаззами миллат;
Талабот ба мақолаҳои барои чоп пешниҳодшаванда:
- Мақола бояд ба мавзӯи конфронс мувофиқ бошад:
- Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ;
- Мақола набояд қаблан нашр ё барои нашр ба дигар конференсия ва нашёритҳо ирсол гардида бошад;
- Мақола таҳриршуда бошад ва он дар таҳрири муаллиф нашр мегардад. Масъулияти хатогии техникӣ, имлоӣ ва дигар нуқсонҳо дар матн ба зиммаи муаллиф (муаллифон) вогузор карда мешавад;
- Ҳаҷми мақола аз 7 саҳифа зиёд набошад;
- Дар матн иқтибос аз адабиёт дар қавсҳои чоркунҷа нишон дода шавад. Ба таври мисол [4, с.122];
- Иқтибос бояд дар нохунакҳо оварда шавад;
- Матни мақола бояд дар матни MS Word ҳуруфчинӣ (ҳошияҳо аз ҳама тараф 2 см.), ҳуруфи Times New Roman, Times New Roman Tj бо андоза 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 бошад;
- Рӯйхати адабиёт дар охири матн, баъд аз калимаи «Адабиёт», бо тартиби алифбо омода шавад;
- Мақола на зиёда аз 2 муаллифро дар бар гирад;
- Охирин муҳлати қабули мавод 10.09.2022 с.
- Дар ҳолати риоя нашудани талаботҳо мақола ба барнома ва маводи конференсия ворид карда намешавад.
Нишонии электронӣ барои ирсол кардани мақолаҳо:
saidzoda1968@mail.ru мустақиман ба суроғаи кумитаи тадорукот;
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ мерасад;
Суроғаи мо: 735700. вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ 118, бинои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Телефони шахси муттасаддӣ барои тамос:
+992 927727707