Рубрики
Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ЭҲСОСИ ВАТАНДОРӢ АЗ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИСТ!

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бо дастуру супориши роҳбарият бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Сайёҳи меҳанпараст” дар назди Филиали МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон “ дар вилояти Суғд (ш.Хуҷанд) бо аъзои фаъоли ҳизб ва донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Муталиб Маҳмудзода, намояндаи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Назокат Юсупова, устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” номзади илмҳои филология, фарҳангшинос Ислом Раҳимов ва намояндаи нашрияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ғуфронҷон Аминов суханронӣ намуданд. Вохӯриро муовини директори Филиали МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон “ дар вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд) Мунира Обидова ифтитоҳ намуда, ҳадафи вохӯриро ба ҳозирин шарҳ дод. Дар вохӯрии мазкур доир ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нигоҳ доштани фарҳанги ниёгон, маданияти либоспӯшӣ, эҳтироми калонсолон ва волидайну устодон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоят намудан ба ободкориву созандагӣ изҳори назар карда шуд.Таъкид гардид, ки дар солҳои охир терроризму ифротгароӣ ҳамчун вабо паҳн гашта, ба ҳаёти ободу осоиштаи ҷомеаи имрӯза зарар мерасонад ва намехоҳад, ки ҷомеаи имрӯза ба сулҳу субот зиндагӣ кунад. Бояд қайд кард, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳҳои гуногун ба давлат ва халқ зарари худро мерасонад. Онҳо мавзеъҳои гуногунро метарконанд ва ба дили мардум тарсу ваҳм меоваранд. Дар замони имрӯза масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Дар асри 21, ки асри техника ва технология ба ҳисоб меравад истифодаи самараноки телефони мобилӣ ва дигар техникаву технология, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ хеле муҳим мебошад. Ҳамчунин дар мулоқот таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати мамлакат барои пешрафти ҷавонон тамоми шароитҳои арзандаро фароҳам оварда, ин қишри ояндасози ҷомеа ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мамлакат сарбаландона хизмати ҳарбиро адо намуда истодаанд, ки боиси ифтихор мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандӣ, рисолати ҷавонмардӣ, мактаби бузурги худшиносиву худогоҳӣ ва обутоби бадан мебошад. Аз ин рӯ, изҳори умеду боварӣ карда шуд, ки донишҷӯён бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ баъди хатми донишгоҳ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, сарбаландона дар ҳифзи якпорчагии Ватан, таъмини зиндагии осоиштаи сокинони кишвар ва рушди ободии мамлакат саҳми худро мегузоранд.Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси хештаншиносию ватанпарастии насли ҷавон, бо дасту қалби пок ва нияти соф адо намудани хизмати Ватан-Модар ва ба ин васила ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида, боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар маҳсуб меёбад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *