Рубрики
Uncategorized

ЁДАТИ ОИЛАҲОИ ЭҲТИЁҶМАНД

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳр баҳри амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати аёдати оилаҳои эҳтиёҷманд, пирони барҷомондаи яккаву танҳо ва маъюбон чораҳои амалӣ андешида шуд. Дар арафаи Иди саиди фитр оилаҳои эҳтиёҷманд, пирони барҷомондаи яккаву танҳо ва маъюбонро бо маводҳои ҳӯрока таъмин намуданд. Шахсони аёдаткардашуда, барои чунин ҳайрияи беғаразона шукронаи истиқлолияти кишвар, сулҳу субот, ваҳдати миллиро изҳор намуда, ба Раиси муаззами Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосгузорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *