Рубрики
Мақола

Ғояҳои ватандўстона дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода

  • Адабиёти қарни 20-и тоҷикро бе шеъри оламгир ва фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсии устод Мирзо Турсунзода тасаввур намудан маҳол аст.

           Эмомалӣ Раҳмон

   Ғояи ватандўстона дар осори тамоми намояндагони адабиёти классикиву муосири тоҷик баръало ҷилвагар аст.

 Осори устоди сухан, қофиласолори назми муосир, тӯдакаши соҳибсалиқаи каломи бадеъ, адиби рангинхаёлу ширинбаён ва инсони дардошнову вассофи сулҳу ваҳдати оламиён – Мирзо Турсунзода саршор аз ғояҳои ватанхоҳист.  Номи Турсунзода парчами ифтихор ва ашъори баландмазмунаш малҳами қалби дардмандону садои марғуладори ў силоҳи беҳтарини роҳи озодист . Шоир тавонист, ки тавассути ашъори пурғановати хеш ба хонандагон зебову назаррабо будани табиати диёр, нақшу ҷилваи ёр, сарсабзии дараву лолазори кўҳсор ва офтоби тобони нурборро бо тамоми зебоиҳояш инъикос кунад. Ҳар як шеъри Турсунзода як соҳаи мавзўи ватанхоҳиро дар бар мегирад ва ҳама якҷо дар пеши назари мо муҳаббат ба Тоҷикистон  ва саҳми меҳнаткашонро дар ободу зебо кардан ва дифоъ намудани он нишон медиҳад.

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон осори Турсунзодаро яке аз беҳтарин намунаи васфи ғояҳои ватандўстӣ, озодиву истиқлолият, сулхоҳӣ, ваҳдату ягонагӣ ва инсондўстӣ номидаанд.

         Муҳаббати Ватан ба дили шоир гўё бо шири модар ворид гардида буд. Зеро :

Шеър гўям , ояд аз шеърам садои модарам,

Деҳа гўям, бар сарам ояд  ҳавои модарам…

Яке аз вижагиҳои ашъори Мирзо Турсунзода мавзўи сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ва мубориза барои таҳкими он мебошад.Аз ин ҷост, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шоирро ҳамчун мунодии сулҳ ва якдилии халқу миллатҳо мешиносанд. Ў бо эътирофи худ «Суруди сулҳ»-ро бо хуни дил иншо мекунад, то он чун силоҳи муқтадир ҷангҷўёнро шармандаи рўи ҷаҳон гардонад. Барои шоир сулҳ беҳтарин неъмати зиндагӣ, лабханди кўдакон, қуввати ҷавонон ва хотири осудаи муйсафедон аст;

                    Сулҳ истиқболи фарзандон бувад,

                    Хотири ҷамъи куҳансолон бувад…

Садоқат ба Ватан намунаи олитарини ахлоқи шоир гардида буд. Аз ин рў аз ҳамаи асарҳои ў бўи димоғпарвари Ватан меояд. Шоир дар ҳар гўшаю канори олам ба номи Ватан, бо ишқи саршори ёру диёр умр ба сар мебарад. Худи шоир дар шеъри «Ватан» гуфта:

           Ватан дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту

           Ман аз он сўи уқёнус бишнидам садои ту.

           Агарчи дар миён тўфону мавҷи баҳрҳо бошад.

           Вале омад ба гўши ман садои рўдҳои ту…

Турсунзода на танҳо ошиқи Тоҷикистон буд, балки умуман заминро, ки макони зисту зиндагист, дўст медошт:

               Дар фазо парвоз кардам гарчи дар рўи замин,

               Чашмро аммо намекандам ман аз сўи замин…

Шоир таъкид мекунад, ки замин чун гаҳвора ўро ба оғўш гирифта тарбият кард ва ба рушду камол расонд. Ў гирди ин заминро ба хотири сулҳ ва хотири дўстии халқҳо ва ба хотири осудагии мардумон давр бизад.  

             Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,

             Борҳо бўсидам аз рухсораи поки Ватан.

             Муддате будам агарчи дур , аммо ёди он,

             Мевазонидам ба сар боди фараҳноки Ватан. 

  Мирзо Турсунзода муҳаббати обу хоки Ватанро ҷавҳари ахлоқи пок , ҷавҳари ягонагии шоиру Ватан мешуморад. Ба ақидаи шоир ҳар касе ки ба Ватани худ содиқ бошад, дорои ахлоқи ҳамида аст. Ин аст,ки худи шоир низ ҳаргиз аз Ватан ҷудо набуд ва ҳамеша дар дили Ватан қарор мегирифт;  

                …Ба мисли гўшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,

                  Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

 Шоир амру супоришҳои  Ватанро аз ҳама волотар мешуморад. Маҳз бо хоҳиши Ватан ў сафар ба мамолики ҷаҳон карда , дар байни халқҳо ғояҳои сулҳ, дўстӣ, бародариро тарғиб кардааст; 

Мо сафар дорем бо амри  Ватан,

Бо супоришҳои халқи хештан.

Дўстиро ҷустуҷў дорем мо,

Аз амонӣ  гуфтугў дорем мо…

Мирзо Турсунзода  Ватанро пушту паноҳи  халқ , мураббӣ  ва тарбиятгари одамон мешуморад ва таъкид мекунад, ки ин Ватан фарзандонашро аз зулму асолат эмин медорад; 

Дар Ватан фарзанди мо бадбахт нест,

Модари  ў ҳам зани сарсахт нест. 

Шоир чандин кишварҳои ҷаҳонро дида бошад ҳам , дили ў ҳамеша сўи Тоҷикистон  буд.  Ҳар бор вай аз сафар ба Ватани худ бо пазмониву дидори нав бармегашт. Бозгашт ба Ватан барояш хурсандии беинтиҳо мебахшид; 

Омадам бар Тоҷикистони азиз,

То бубинам рўи ёрони азиз…

…То тавонам халқро ёрӣ диҳам ,

Аз зафар , аз фатҳ ахборе диҳам. 

Турсунзода дар ҷое таъкид менамояд, ки Тоҷикистон Ватани азиз ва маҳбуби ўст . Вай дар ҳамин ҷо ба дунё омада, ба туфайли ғамхории  Ватан ба камол расидааст. 

Дар ҳамин ҷой ёфтам авҷу камол,

Дар ҳамин ҷой зиндагии безавол. 

Ғояҳои ватандўстӣ  инчунин дар достонҳои Мирзо Турсунзода аз яке то дигаре равшану возеҳтар ва пурраю мукаммалтар мегардиданд. Шоир тавонист тавассути осори оламгираш васфи Ватан аз дилу ҷон бикунад ва кўшиш бар он дод, то дўстии халқҳоро дар якдигарфаҳмӣ бубинад.  Тавонист ин нуктаҳоро аз дидаҳои худ манзури халқ бикунад, тавассути суханаш , ки суфта буд,тавассути  қаламаш, ки дар васфу тараннуми Ватан рангрехта  буд.  Ў тавонист, гирдогирди олам сайр бикунад , васф бикунад дустиро, ростиро, якдигарфаҳмиро. Ҳар куҷо рафт, мужда мерасонд: муждаи сулҳу амният, муждаи дӯстиву рафоқат ва аз минбарҳои баланд бо ифтихор номи Ватанро мегирифт. Тавонист мазаммат кунад душманеро, нохалаферо , ки беватан асту оромии Ватанро халалдор месозад. 

Турсунзода шоири умумиҷаҳонист, зеро ҳамеша барои истиқлол, дўстӣ, эҳтироми байни миллатҳо мубориза бурдааст. Васлгари дилҳо , ҳамдаму ҳамнафаси мардум буд ва садои дили халқро суруд.

Бозор Собир барҳақ ин мисраъҳоро ба ў бахшидааст; 

Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ў,

Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд.  

Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо халқ буд,

Ҳар куҷое халқ буд Мирзои Турсунзода буд. 

Осори гаронбаҳою пурарзиши Мирзо Турсунзода барои насли имрӯз мактаби омӯзишу тарбия аст, зеро ҳар ҳарфаш , ҳар садою ҳиҷояш ҳисси хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастиро дар дили хонанда бедор месозад. Боварӣ дорам, ки назми оламгираш то ба дуриҳо бегазанд боқӣ мемонад, дар дили инсонҳо ошён мегузорад ва  наслҳои минбаъдаи ояндасози миллатро тарбият хоҳад кард.    

               Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,

               Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор.

                                                            Фирӯза Шерматова –

                                                         муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ                     

                                                    дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *