Рубрики
Асосӣ

Қадршиносии аҳли маҳфили “Ганҷи сухан”

Нишасти 197-уми маҳфили илмию адабии “Ганҷи сухан” дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ширкати олимону адибон, устодону донишҷӯён ва мухлисони адабу илм баргузор гардид. Раҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр намуд, ки дар нишасти имрӯза нишастҳои маҳфил дар соли 2021 натиҷагирӣ хоҳад шуд

Намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров дар суханронии худ гуфт,ки яке аз ҳадафҳои асосӣ ва меҳварии маҳфил ин тарғиби сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, Паём, қарору фармонҳо, дастуру супоришоти Сарвари давлат махсусан дар ҷодаи фарҳангу адабиёт, таълиму тарбия,танзим ва беҳдошти ахлоқи ҷомеа ҳамешагӣ дар маддаи назари созандагони маҳфил мебошад. Маҳфили “Ганҷи сухан”,ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шахсан Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳар моҳ баргузор мегардад ва инак нишасти 197-умини рӯи кор омада истодааст.Зеро барои насли имрӯз донистани таърихи кишвар адабиёт ва фарҳанг дилҳои онҳо муҳаббат ба Ватан ва диёр афзун хоҳад шуд.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода оид ба сиёсати маорифпарварона ва дастгириву ғамхории ҳамешагии олимону адибон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд. Дар суханрониаш мавсуф маҳфили “Ганҷи сухан”ро як падидаи муҳими илмиву адабӣ ва фарҳангӣ дар замони муосир арзёбӣ кард.

Аз рӯи нақшаи маҳфил унвонҷӯ Гулбаҳор Султонова оид ба китобҳои тозанашри олимону адибони вилоят иттилоъ дод.

Доктори илмҳои таърих профессор Ваҳҳоб Набиев дар бобати ҳаёту фаъолияти омӯзгории устоди шӯҳратманди донишгоҳ шодравон Ғафурҷон Ҳайдаров, ки он рӯз 95-солагии эшон буд, сухан намуд. Хидмати мавсуфро дар шинохт ва омӯзиши таърихи кишвар муҳим арзёбӣ намуда, барои ҷавонон мутолиаи омори муаррихро тавсия дод.

Баъдан аз ҷониби устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров адабиётшинос Садриддин Мирзоев як ғазали шоири шаҳир Ҳофиз шарҳу тавзеҳ ёфт.

Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов оид ба баргузории маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2021 назди ҷамъомадагон ҳисобот дод. Аз ҷумла гуфт,ки маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”дар соли 2021 11 нишасти худро аз нишасти 186 то 196 баргузор намуд. Дар нишастҳои маҳфил 13 суханронии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва маҳалҳо, адибон олимон, 33 маърӯзаи илмии олимону адибон, 13 суханронӣ ва шеърхонии адибон, 8 навгонии илмиву адабӣ, ки дар онҳо бештар аз 100 номгӯй китоб муаррифӣ гардид, 21 муҳокимаи илмиву адабӣ ,сурудҳои дилнишин аз ҷониби сарояндагони кишвар шунида шуд.

Бо ташаббуси маҳфил силсилаи шабҳои эҷодӣ, ёдбуд. Барномаҳои адабии телевизионӣ ва муаррифии китобҳо баргузор шуд. Ҳамчунин маҳфили “Ганҷи сухан” дар ҳамдастӣ бо муассисаҳову ташкилотҳо ва афроди алоҳида силсилаи китобҳои илмиву адабӣ аз ҷумла китоби “Тоҷӣ Усмон-адиб ва журанлисти тоҷик”(“Ношир”,2021), Духтари тирамоҳӣ, Маҷмуаи мақолаҳо дар бораи Мадинаи Карим (Хуҷанд Ношир, 2021)-ро интишор намуд. Мавсуф зикр кард,”дар нишастҳои маҳфил адибону олимон ва журналистони маъруф аз маракази кишвар Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Аслиддин Низомӣ, Камол Насрулло, Акбар Абдулло, Ҳафиз Раҳмон, Бахтиёр Ҳамдамов, Маҷид Салим, Зиннатулло Исмоилзода иштирок ва маърӯзаҳои илмӣ намуданд,ки боиси ифтихори аҳли маҳфил мебошад”. Дар маърӯзаҳои илмии олимон ва суханрониҳои адибон масъалаҳои мурами илми адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таърих, фалсафа, педагогика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар самти дастгирии ҷавони соҳибқалам маҳфил “Озмуни шеър”ро баргузор намуд,ки дар он 10 нафар адибони ҷавон аз ҷониби роҳбарияти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳадяҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Саидумрон Саидов ба ташкилоту муассисаҳо, коргоҳҳо шахсони алоҳида, ки ҳамешагӣ маҳфилро дастгирӣ мекунанд сипосгузорӣ намуд. Ҳамзамон Саидумрон Саидов дар бораи нақшаҳои кори маҳфил дар соли 2022 сухан карда гуфт,ки бахшида ба нишасти 200-умини он маҷмуаи мақолоти олимон ва омори адибон нашр мегардад,ки армуғони аҳли маҳфил ба ин санаи таърихӣ хоҳад буд.

Дар поёни маҳфил ба фаъолон, муаллифони маърӯзаҳои беҳтарин, тарғибгарони маҳфил Сипосномаҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Шӯъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва Раёсати ДДХ ба номи академикБобоҷон Ғафуров супорида шуд.

Ҳамаи онҳоеро, ки бо

сипономаҳову ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд муборакбод мекунем:

Бо “Сипоснома”и Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қадрдонӣ шуданд:

1. Мӯҳсин Исобоев, директори нашриёти “Ношир”

2.Аслиддин Низомӣ, профессор, доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шӯъбаи фарҳанги АИҶТ

3.Ӯғулой Қосидова- сармуҳаррири газетаи “Хуҷанд”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров , номзади илмҳои филология:

4.Мансурҷон Ҷӯраев- сармуттахассиси шӯъбаи иттилооти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Бо”Сипоснома”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон:

1. Ҷовид Ниёзӣ ,сармуҳаррири ТВ СУҒД

2. Сурайё Ҳакимова, номзади илмҳои филология, шоира

3. Ферӯза Қайюмова дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров .

4. Мӯсо Олимҷонов, номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

5. Мирзоҷамол Қосимов, коргардони ТВ Суғд

6. Ғафурҷон Ҷӯраев, Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо “Сипоснома”-и Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

1.Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло- Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

2.Хайрулло Сабурӣ – доктори илмҳои педагогика , профессор муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

. 3.Содирхон Умаров, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон:

4. Муҳаббат Тиллохӯҷаева, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

5. Баҳром Раҳматзод, номзади илмҳои филология, директори М.Д. “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”

6. Ҳусейнҷон Юсупов устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Бо “Ифтихорнома”-и Раёсати суғдии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон

1. Тоҷибой Султонзода –мудири шӯъбаи робита бо ҷомеа ва масоили иҷтимоии дастгоҳи Раиси вилоят, доктори илмҳои филология

2. Манучеҳра Кенҷазода, доктори илмҳои филология, директори МДТ “Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”:

3. Илҳомҷон Ҳошимов, сармуҳаррири ШТР СМ1

4. Ҷӯрабек Исомаддинов – номзади илмҳои таърих, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

5. . Шавкат Шарипов, номзади илмҳои таърих дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

6. Ромиз Абдуллоев, номзади илмҳои филология, сардори раёсати илм ва иноватсияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

7. Мирзоғуфрон Ғафуров, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Бо “Сипоснома”-и Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд

1.Ҳотамҷон Фаттоев – мудири бахши сифати таълими МДТ “Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

2.Боирҷон Раҷабов, номзади илмҳои филология, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

3.Нуралӣ Нурзод. доктори илмҳои филология,профессор

4. Мафтуна Шукурова, хабарнигори ШТР СМ1.

5.Аъзам Раҳимов- коргардони ШТР СМ1

6.Ӯғулой Раҷабова, муҳаррири ТВ 7-ситора

Бо “Ифтихорнома”-и Раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва маҳфили “Ганҷи сухан”

1..Фарзона, Шоири Халқии Тоҷикистон,

2 Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филология, профессор

3.Ҳафиз Раҳмон, адабиётшинос, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

4. Маҷид Салим, номзади илмҳои филология:

5.Зиннатулло Исмоилзода, номзади илмҳои филология, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

6.Исоматдинов Муҳаммад, директори Филиали “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос

7. Фахриддин Насриддинов доктори илмҳои филология, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

8. Адиба, шоира,

9. Парвиз Халифаев , намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

10.Юсупова Малоҳат – устоди Филиали “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд

11. Қосимӣ Бимоҳрӯ,. мудири бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

12. Ғафуров Абдурозиқ, Раиси Ҷамоати Ҳайдар Усмон

13. Сорбон Амаков, корманди маркази иттилооти ДДХ

14 Ризвоншоҳ Ғуфронов, омӯзгор МДТ “Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров докторант

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *