Рубрики
Uncategorized

ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД

Тибқи нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ як гурӯҳ оилаҳои барқароркунандагони сохти конститутсионӣ аёдат карда шуда, ҳамчунин ба онҳо кӯмакҳои яквақтаина расонида шуд.

Тоҷиддин Фахриддинов яке аз шахсонест, ки баҳри озодии сулҳу суботи кишвар, барои барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат соли 1992 ба шаҳри Душанбе рафта, дар гирдбоди ҷанги шаҳрвандӣ бедарак шудааст.

Баҳри пос доштани хотираи ӯ кӯчае, ки ӯ истиқомат мекард, ба номаш гузошта шудааст.

Шоистаи зикр аст, ки сафи чунин афрод дар ноҳияи Мастчоҳ кам набуда, онҳо ҳамеша баҳри оромии мамлакат ҷони худро сипар месозанд.

Имрӯз 4 фарзанди диловари Тоҷиддин Фахриддинов фахр аз он доранд, ки дар оилаи размовар – дар оилае, ки баҳри озодиву оромии Ватан ҷон бохтааст, ба воя расидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *