Рубрики
Асосӣ

Ҳадафи муғризонаи кабириро хок хоҳад хӯрд…

Имрӯзҳо нерӯҳое ҳастанд, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, вазъи ҷомеаро ноором созанд. Аз ин лиҳоз вазъи ҷаҳони муосир ҳамеша ҳушёру зирак буданро металавбад. Мутаъсифона шаҳрвандоне мавҷуданд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии ҳизби наҳзати ислом аз қабили онҳост. Ин ҳизб баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурӯҳҳои ифротии муқимии хориҷа дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеаи кишвар аст. Вақт собит намуд, ки ҳизби мазкур қудрат ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоии кишварро надошт. Ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расмӣ, натавонист ҷойгаҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо ин ҳизби номбурда, бо корбурди номи ислом ва сӯиистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз сайю талошҳои иғвоангезро ба роҳ мондааст.

Имрӯз ҳам ин дастаи нохалаф ва нотавонбин, ки худ дар ҳаққи Ватан ҷиноят содир намуда, ҳазорон ҳамватанонро гумроҳ, аз хонаву дар муҳоҷир, сарсону саргардон намудааст, ҳатто дар хориҷи кишвар низ ором надорад. Бо ҳар роҳу восита фитнаангехта, осудагии амнияти халқу Ватанро халалдор месозанд, пешрафти Тоҷикистонро ба таъбири мардумӣ чашми дидан надоранд.

Банда оид ба он шахсоне, ки дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд ва фаъолияти созмонҳои террористию эктремистиро донистаю надониста ва ё сарфаҳм нарафта нисбат ба миллати тоҷик суханҳои бемантиқу бардурӯғ мезананд нафрат дорам. Чунончӣ, Муҳиддин Кабирӣ, ки ашхоси пастфитрат тибқи дастуру барномаҳои таҳмилшуда ва нақшаҳои бадвоҳимаю фитнаангези ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиаш мехоҳад дар дили мардум шарифи Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезад. Вале фаромӯш набояд кард, ки мардуми шарафманду заҳматпешаи тоҷик як маротиба гирифтори чунин дасисаву шиорпартоиҳо гардида, ин таҷрибаи талхро дар ҷисму ҷони худ озмуда буданд.

Мақсади асосии онҳо бо ҳаргуна суханҳои ноҷои худ таъсир расонидан ба ҳаёти осоишта ва ворид намудани идеологияҳои Аврупо ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Суханҳои Кабирӣ сар то ба по лофу дурўғ буда, аз маҳорати шайтонгарии ў дарак медиҳанд. Ӯ дигар наметавонад худро назди миллати тоҷик сафед кунад. Кабирӣ абадан дар назди мардуми тоҷик ҳамчун як хоин, ватанфурўш, душмани миллати худ шинохта хоҳад шуд.

Муҳиддин Кабирӣ яке аз хоинони миллати тоҷик дар ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Ӯ кишварҳои хориҷиро пушту паноҳ карда, дар дарбори онҳо бо ҳаммаслаконаш мисли ғулом хизмат мекунад то, ки барои зиндагии сагонаи худ аз онҳо устуғонҳои хоидаро барои зинда мондан истифода барад.

Муҳиддин Кабирӣ дар баромадҳои хеш нашармида таъкид мекунад, ки «беҳтарин хидмати як мақомдор ин аст, ки пулу моли миллатро надуздад». Имруз мардуми тоҷик симои аслии Кабирии соддаи ватанфурўши фурўхташушударо мешиносад ва дигар насиҳатҳояш ба гўши касе намедарояд. Кӣ будани ӯ аз амалҳои кардааш мисли рўз равшан аст ва дигар хоҷат ба он нест, ки ба гўши мо «амри маъруф» бигӯяд. Дигар бояд асло чеҳраашро ба миллати тоҷик нишон надиҳад Чавонмардони ин миллат дигар асло намегузоранд, ки Тоҷикистон ба як кишвари ҷангу ноором табдил биёбад. Хар касе бо мақсади ноором кардани ин давлати тинҷу ором даст дароз мекунад, дасту пояш шикаста ва шармандавор шикаст хоҳад хурд. Мисли Кабирии лаънатӣ, ки бо дасисаҳои худ Тоҷикистонро ноором кунад, аммо хушбахтона ин ҳадафи муғризонаашонро хок хурд.

Баромадҳои иғвоангезона ва ғаразноки Муҳиддин Кабирӣ, ки тариқи сомонаҳо пахш мешаванд сар то по суханони подарҳавои буда, ҳадаф вайрон кардани мафкураи мардум ва ба иғвову ҷанҷол андохтани мардуми тоҷик мебошад. Курнамакони Худобехабар, худ дар Тоҷикистон ба воя расидаву имрӯз барои дарёфти қуттии лойомуд аз хориҷа истода санги мазаммат ба сари мо мезананд. Онҳо, ки ҳадафҳои нопок доранд, тирашон ба нишон намерасад.  Мо бо зуриву қуввати хеш ва бо роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатамон соҳиби дастовардҳои беназире гардидем, ки имрӯз боиси чашми ҳасуди хоинони кишвар гаштааст.  Ман ба тамоми мардуми шуҷоатманд ва баору номуси тоҷик муроҷиат намуда гуфтанием, ки ҳушёр бошанд ва нисбати ҳифзи марзу буми худ ҳамеша омодаву дастёр бошанд.

Муҳиддин Кабирӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳад боз ба майдони сиёсӣ ворид шуда, фазои ороми ватани маҳбуби моро ноором созанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Имрӯз ки аз зуҳури мушкилоти рақами яки ҷаҳон – терроризму экстремизми байналхалқӣ тамоми сайѐра дар ташвиш аст, ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем. Дар такя бо таклифу пешниҳодоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар суханронӣ ва пешниҳодҳои қобили таваҷҷӯҳ менамоянд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунем. Зеро дар баробари Пешвои миллат мардуми тоҷик низ ҷиҳати нигоҳдошти сулҳу субот нақши бориз дошта метавонанд. Бунёд ва ҳифзи оилаи солим, таълиму тарбияти дурусти кӯдакон, масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан – марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Бо ёди Ватан будану дар оғӯши Ватан зистан саодат аст, аммо бо ҷурми хиёнат ба миллату Ватан дар кишвари бегона паноҳ ҷустан бадбахтии маҳз хоҳад буд. Имрӯз, ки М.Кабирӣ пас аз ин қадар носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дорад, бо он ҳама иддае аз ҳамватанони моро дар хоки ғурбат чун фирорӣ ва ё бечора бидуни ресмон банд кардааст. Ба фарҳангу оини миллат санги бегонапарстӣ задан, мардумро бо фитна ба гумроҳӣ кашидан, дар мулки ғайр овораву сарсон кардан магар бахшиданист? Не, ҳаргиз не!

Мо зодагони даврони Истиқлол бо боварии комил гуфта метавонем, ки суханҳои фитнаангезии хоинони миллати тоҷикро маҳкум сохта барои гул-гул шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор мешавем.

Шукрониён Ш. – устоди ДДХ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *