Санаи 12-уми ноябри соли 2021 дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 20.10.2021 сол дар толори Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурова Замира Мирзоалиевна, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам,наврасону ҷавонон аз ҷумла: ғолибони озмунҳои фаннӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, ноҳиявӣ, варзишгарони номӣ, кормандони бонкҳо, саноат, иқтисод ва савдо, маориф, тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорони ҷавон, ҷавонони хизмати ҳарбиро сарбаландона адонамуда, сарбозони қисми низомии Гвардияи миллии 051056 ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок доштанд.Чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам ҳусни оғоз бахшида, оид ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон, ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити муосир ва дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон суханронӣ намуда, тамоми аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавононро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурова Замира Мирзоалиевна, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон, таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм фаро гирифтани наврасону ҷавонон ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад, фикру андешаҳои худро баён намуд. Муовини Раиси ноҳия Муталибзода Зумрад Муталиб оид ба дастовардҳои солҳои истиқлолият, шароиту имкониятҳои мусоид барои наврасону ҷавонон, оид ба бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ дар қалби ҳар як ҷавон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва шароитҳо барои сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва оид ба яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҷавонон бояд ҳама вақт дар сафи пеш қарор дошта, барои ҳимояи марзу буми ватани аҷдодии худ ҳиссагузор бошанд.Инчунин, аъзоёнии фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Исмоилова Малика оид ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва омодагии аъзои Ташкилот дар рушду нумӯи Тоҷикистон ва Қурбониён Ардашер доир ба мубориза бар зидди фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористӣ, Шералӣ Муҳаммад – сарбози қисми низомии Гвардияи миллии 051056 – оид ба масъулияти фарзандӣ ва шароити хизмати сарбозон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.Баъдан, маросими ваъдаи тантанавии аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки нав ба сафи аъзогии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шомил шуданд доир гардид ва дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар ҷавонони нав ба сафи ҲХДТ қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба 10 нафар ҷавононе, ки нав ба сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан” аъзо шудаанд шаҳодатномаҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” супорида шуд.Сипас, муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” аз ҷониби роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Набиев Шерзод қироат карда шуда қабул гардид.Дар охир барои болидахотирии иштирокчиёни ҳамоиш аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ доир гардид.
Рубрики